Машварати августии омӯзгорон

Печать

image of teachers.jpg - 114.03 Kb

Машварати августии омӯзгорон

Имрӯз санаи 19 августи соли равон дар толори маҷлисгоҳи МТМУ№19 дар деҳаи Ободии ноҳияи Шаҳристон, машварати августии омӯзгорон баргузор гардид.

Дар машварат сармутахасиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр, роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳияи Шаҳристон Рустам Қодирӣ, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдурашидзода Абдувалӣ, собиқадорони маориф ва омӯзгорони фаъоли ноҳия иштирок доштанд.

Ба машварати августии омӯзгорон мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдурашидзода Абдувалӣ ҳусни оғоз бахшид ва оид ба фаъолияти соҳаи маориф дар солҳои хониши 2020-2021 пурра ахборот дод.

Сипас роҳбари дастгоҳи Раиси ноҳия Рустам Қодирӣ ва сармутахасиси Раёсати маорифи вилояти Суғд Сарҳадов Бахтиёр баромад намуда, аз дастовардҳои солҳои хониши 2020-2021 хуб арзёбӣ намуда, барои солҳои хониши нави 2021-2022 комёбиҳои беназир изҳор доштанд.

 

Дар анҷом  директорони муассисаҳои таълими №16 Ш. Эшонқулов, №18 Ҷ. Шаропов, №19 Э.Ғойибов бо нишони сарисинагии “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” сарфароз гардонида шуданд. Инчунин собиқадорон ва фаъолони соҳаи маориф бо ифтихорномаву тӯҳфаҳо қадрдонӣ гардид