Машварати августии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд

Печать

img_20210820_litcey.jpg - 192.66 Kb

Cанаи 20-уми августи соли равон, омӯзгорони литсейҳои касбии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба ноҳияи Шаҳристон ташриф оварда аз бинои бозтаъмиргардидаи ЛКСК N°20 дидан намуданд.

Баъдан дар Қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон машварати августии ҳайати роҳбарикунанда ва кормандони муҳандисию омӯзгории муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбии вилояти Суғд баргузор гардид.

Дар машварат Раиси МИМҲД ноҳияи Шаҳристон Акрамзода Баҳодур, сардори шуъбаи таҳсилоти ибтидоии касбии дастгоҳи Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати шуғли аҳолии Тоҷикистон Сидиқов Нозимҷон, директори муассисаи давлатии маркази таълимии методи ва мониторинги сифати таълим Мӯсоев Абдуқодир Сафарович ва директори муассисаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони системаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ Раҷабов Раҷаб дастовард ва комёбиҳои литсейҳои касбии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баён намуданд.