Ҳашар бо маром идома дорад

Печать

img_hashar bo marom idoma dorad.jpg - 268.61 Kb

Ҳашар бо маром идома дорад

Дар бинои синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таълимии N°20-и деҳаи Фирдавсии ҷамоати деҳоти Шаҳристон, ки бо ташаббуси Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия бунёд гардида истодааст, ҳашар бо маром идома дорад. Раиси ноҳия муҳтарам Баҳодур Акрамзода, раиси Ҷамоати деҳоти Шаҳристон Умар Ёқубзода, Раиси собиқадорони ноҳия Асрорқулов Сулаймонқул, мудири шуъбаи маорифи ноҳия Абдурашидзода Абдувалӣ аз рафти баргузории ҳашар дидан намуданд.

Қобили зикр аст, ки дар ҳашари болопуш намудани бинои синфхонаҳои иловагӣ зиёда аз 100 нафар сокинон ва омӯзгорони ташкилотҳои ибтидоии КИ ҲХДТ-и ноҳияи Шаҳристон иштирок намуданд.

Барои вусъати корҳо шахсони саховатпеша, соҳибкорон Пӯлотов Набиҷон, Кенҷаев Зокир ва Умаров Комилҷон кӯмак расониданд.