Рӯзи дониш муборак , аҳли илму маориф.

Печать

maktabi 21.jpg - 144.53 Kb

Рӯзи дониш муборак ,  аҳли илму маориф.

Санаи 01.09.2021 дар саросари кишвари азизамон хусусан дар муассисаҳои таҳсилоти умумии ноҳияи Шаҳристон Рӯзи дониш бо баргузории дарси сулҳ оғоз гардид. Дар ин санаи муҳими фарахбахш мудири шуъбаи ташкили ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон  Ғоибов Соҳибҷон ба муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №21 ташриф оварда, омӯзгорон ва хонандагонро бо ин санаи муҳим  аз номи Раиси ҲХДТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муборакбод намуда, сухани табрикотии Раиси ноҳия  муҳтарам Баҳодур Акрамзодаро ба саҳми омӯзгорону хонандагон расонида, ба онҳо саломатӣ бардавом, барои азхудкунии илму донишҳои замонавӣ азму иродаи қавӣ ва дар роҳи тарбияи насли соҳибилму бомаърифат барору комёбиҳои беназир таманно намуд. Маъруф зикр намуд, ки дар оянда насли наврас барои сайқал додани илму дониш ва баҳри пешравии Ватани азизамон ҳамеша дар сафи пеш бошанду, дар роҳи ободу зебо гардонидани диёри худ хаста набошанд.

Зеро, дар меҳвари сиёсати Роҳбари давлат қарор гирифтани рушди соҳаи маориф ва афзалиятнок баршуморидани он, ки ба тавлиди тафаккури нави миллӣ, худогоҳу худшинос, ватандӯсту ватанпараст ва босаводу бомаърифат шудани насли ҷавонон нигаронида шудааст, яке аз самтҳои бунёдӣ ва усулии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Мо бояд хуб дарк намоем, ки баланд бардоштани сифати таълим, тарбияи ахлоқӣ, азхудкунии технологияи муосири иттилоотӣ, сатҳи забондонӣ, яъне тарбия кардан  ва ба воя расонидани наслҳои замони  нав моро ба сӯи мақсад мебарад.