ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДОРАД ХАЛҚИ МАН

Печать

ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛ ДОРАД ХАЛҚИ МАН

Санаи 7-уми сентябри соли 2021 дар толори қасри фарҳанги ноҳияи Шаҳристон ҷашни тантанавӣ бахшида ба 30-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар ҷашни тантанавӣ раиси ноҳия Баҳодур Акрамзода, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори  Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Абдулмаҷид Мубин ва сардори Раёсати Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд Азамат Азими иштирок доштанд.

Дар чорабинии мазкур як қатор фаъолони ноҳия бо медалҳо, ифтихорномаҳо ва сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд.