Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар

Печать

Ҳифзи ҷон воҷиб асту ҳифзи Ватан аз он воҷибтар


Барои ҳар як инсон беҳтарин чиз Ватан аст. Зеро Модар – Ватан ҳамрадифи якдигаранд. Модар моро тавлид мекунад ва мо аз ҳавои Ватан нафас мекашем ва бо меҳру навозиш ба воя мерасем. Чуноне ки Афлотун мегӯяд «Алоқае дар дунё шадидтар аз меҳр ба Ватан нест».

Имрӯз баҳсҳои марзӣ байни Тоҷикистон ва Қирғизистон ҳар як фарди ватандӯстро бетараф намегузорад. Зеро ки ҳар як ваҷаб хоки Тоҷикистон барои мо муқаддас аст.

Дар асл ифтихор аз Ватан ва садоқат ба он аз ниёгонамон то ба имрӯз дар эҳсосоти мо ҷой дорад. Ба ин маънӣ А. Фирдавсӣ гуфтааст:

Зи баҳру бару буми фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.

Боварии комил дорем, ки баҳсҳо вобаста ба марзи ду кишвар бо роҳи гуфтушунидҳо ҳалли худро меёбад.

 

Мудири шуъбаи рушди

иҷтимоӣ ва робита

бо ҷомеъаи дастгоҳи

раиси ноҳия.                                   Шоахмедов Исматшо