Бадхоҳони миллат

Печать

Бадхоҳони миллат

Воқеаи,ки санаи 25 ноябри соли ҷорӣ  дар деҳаи Тавмеди ноҳияи Роштқалъаи ВМКБ  руҳ додааст, ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро бори дигар ба ҳушёриву зийраки даъват намуд.

Шукрона аз он дорем,ки мо имрӯз дар диёри ободу озод зиндагӣ дорем, давлати соҳибистиқлоламон рӯз аз рӯз рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст.

Алҳол, бадхоҳони миллат бо рафторҳои ноҷоизи худ мехоҳанд, халқамонро ноором созанд. Зиёбеков Гулбиддин Зиёбекович бо шарикони худ аз зумраи чунин бадхоҳон ҳастанд,ки ба ҳар гуна иғвою дасисаҳои хушку холӣ ба  халқи худ дахолат доштаанд. Касе ба иғвоҳои ин хоинони миллат бовар надоранд.

Мо ҳамеша  сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти  кишвари азизамон, Раиси  муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ҷонибдорӣ хоҳем кард ва намехоҳем, касе давлатамонро ноором созад.

О.Эшмуратова  мудири бахши занон ва ҷавонони КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон