Таъсиси Шӯрои собиқадорон

Печать

Имруз дар асоси ҷадвали баргузории Шурои собиқадорони вилоят дар толори ҷамоати деҳоти Шаҳристон бо иштироки Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шурои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон таъсис дода шуд. Маҷлисро Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон ифтитоҳ намуда оиди шумораи собиқадорон маълумот дод. Тибқи маълумотҳои омории кумитаи иҷроия дар ноҳияи Шаҳристон зиёда аз 180 нафар собиқадорони соҳаҳои гуногун фаъолият менамоянд, ки аз ин 56 занҳо мебошанд. Инчунин бо панҷ масъалаи зерин иширокчиёнро шинос намуд.

Таъсиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

 

Интихоби ҳайати Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон;

Интихоби Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон;

Интихоби муовини Раиси Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон:

Тасдиқи нақшаи кории Шурои собиқадорони ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Бо як овоз ҳайати шурои собиқадорон аз ҳафт нафар ва Раиси Шурои собиқадорон Шарофиддинова Мукарам интихоб гардид.

Ҳаммаи масалаҳои дар рузномабуда барраси шуданд. Дар охир Раиси КИ ҲХДТ Қодиров Рустам ҳайат, раис ва муовини Шурои Собиқадоронро аз номи кумитаи иҷроия табрик намуда ба онҳо дар ҷодаи фаъолияти пурсамар бурдбориҳо таманно намуд.