Махфили илмӣ-адабӣ таҳти унвони "Тоҷикистон, ба пеш"

Печать

Инчунин чунин маҳфил санаи 12-уми августи соли 2021 дар толори Ҷамоати деҳоти Бунҷикат таҳти унвони "Тоҷикистон, ба пеш! " бо иштироки фаъолон, раисони маҳаллаҳо, аъзоёни фаъоли КИ ҲХДТ баргузор гардид.

Дар маҳфил роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Р. Қодирӣ, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Ҳабибуллозода Шаҳринисо, муовини якуми раиси Шӯрои ҳаракати ҷамъиятии ваҳдати милли ва эҳёи Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳристон Абдурашидзода А., котиби Ҷамоати деҳоти Бунҷикат Ҷ. Раҳмонов, раиси Шӯрои занони деҳаи Ободӣ Р. Абдуазизова иштирок доштанд ва оиди дастовардҳои 30 соли даврони Истиқлолият ва хизматҳои шоиста ва ҷонфидоиҳои сарвари давлат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат,  муҳтарам Эмомали Раҳмон суханронӣ намуданд. Дар маҳфил хонандагони фаъоли созмони ҷавонони Ҷамоати деҳоти Бунҷикат дар васфи Ватан-Модар, Тоҷикистон, Пешвои миллат ва Истиқлолият шеърҳо қироат намуданд. Дар анҷом аз тарафи Ҷамоати деҳоти Бунҷикат низ фаъолон бо  ифтихорномаҳо сарфароз гардиданд!