Ҳисоботи фаъолияти шашмоҳаи КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон

Печать

Санаи 14-уми июли соли 2021 , дар толори Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шаҳристон Маҷлиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон оид ба натиҷаҳои фаъолият дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор гардид.

Маҷлисро  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо  Ҳабибуллозода  ифтитоҳ намуд.

Оид ба натиҷаҳои фаъолияти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон дар нимсолаи якуми соли 2021 мудири шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои кумитаи иҷроия Ғоибов Соҳибҷон баромад намуд.

Аз рӯи масъалаи мазкур, аъзои фаъоли ташкилоти ибтидоии "Фарҳанг" Бойзоқова Рухсора ба музокира баромад.

Раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳристон Шаҳринисо Ҳабибуллозода оид ба масъалаи обуна ба рӯзномаҳои ҳизбӣ баромад намуд.

Дар Маҷлис роҳбарони ташкилотҳои ибтидоӣ, ки нақшаи обунаро барои соли 2022 иҷро намуданд бо Сипоснома қадршиносӣ  гардида, ба аъзоёни навинтихобшуда шаҳодатномаи ҳизбӣ супорида шуд.

Дар маҷлис намояндаи КИ ҲХДТ дар вилояти Суғд  Фарух Зоҳидов, роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Рустам Қодирӣ иштирок ва суханронӣ намуданд.